Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаррифии ДДМИТ дар арсаи байналмилалӣ

Муаррифии ДДМИТ дар арсаи байналмилалӣ

Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илм ва инноватсия густариш ёфта, заминаи мусоид барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии илмиро фароҳам овардааст. 
Ин навбат аз ҷониби эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес Ҷовидон Халифазода, зери роҳбарии дотсент Саъдихоҷа Маъдиев ва сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ дотсент Даврон Хоҷаев лоиҳаеро ба озмуни байналмилалии «100 ақида барои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)» дар мавзӯи «Повышение эффективности производства пищевой соли на основе инновационного подхода (на примере ОАО «Ходжа Мумин»)» пешниҳод карда шуд. Хушбахтона, аз ҷониби комиссияи озмун лоиҳа баррасӣ ва дар натиҷа, ба даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, роҳ ёфт. 
Боиси сарфарозист, ки дар ин чорабинии байналмилалӣ лоиҳаи пешниҳоднамудаи онҳо дар номгӯи «Саноати хӯрокворӣ ва бехатарии озуқаворӣ» ҷойи аввалро ишғол намуда, муаллифи лоиҳа бо диплом ва сертификати байналмилалӣ сарфароз гардонида шуд. 
Ёдовар мешавем, ки озмуни байналмилалии «100 ақида барои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз соли 2016 инҷониб дар 2 сол як маротиба аз рӯйи 10 номгӯй дар давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. 
Имсол дар чорабинии мазкур 39 лоиҳа аз давлатҳои аъзо аз рӯйи 10 соҳа пешниҳод гардид ва бори нахуст Ҷумҳурии Тоҷикистонро устодони ДДМИТ намояндагӣ намуданд.