Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ

Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ

- Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлату миллати хеш аст, - гуфт Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ректори донишгоҳ зимни ифтитоҳи ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рӯзи 22 ноябри соли равон доир гардид. Ректор ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки қабули Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нахустин тасмимҳое буд, ки дар ташаккул ва эъмори давлати мустақили тоҷикон нақши ниҳоят муҳим дорад. Парчами миллӣ рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии миллист. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Дар парчами кишварамон таҷассуми ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояти марзу бум мавқеи барҷаста дорад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик пайваста созандагӣ мекунад ва дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф мегардад. 
- Аҳли коллективи меҳнатӣ ва толибилмони ДДМИТ низ дар таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ва бузургдошти ин муқаддасоти миллӣ фаъолона иштирок мекунанд ва соли гузашта аввалин шуда дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар сутунпояи Парчами давлатӣ дар баландии 21 метр дар саҳни таълимгоҳ насб гардид, ки он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад, - гуфт дар фарҷом ректор. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Сипас мусобиқаи футболи хурд, ки байни кормандон ва омӯзгорон бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Парчами давлатӣ доир гардида буд, ҷамъбаст шуда, ба ғолибон – дастаи футболбозони факултети иқтисод ва бизнес барои ишғоли ҷойи якум Сипоснома ва Ҷоми мусобиқа ва ба дастаи футболи факултети ҳисобдорӣ ва омор барои ишғоли ҷойи дувум Сипоснома супорида шуд. 
Дар идома барномаи консертӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии донишгоҳ намоиш дода шуд. Ҳамин тавр, маҷлиси мутантан ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз муқаддасоти миллӣ доир гардид. 


Машҳура Абдуллоева