Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рушди ҳамкориҳо баррасӣ гардид

Рушди ҳамкориҳо баррасӣ гардид

Вусъат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ташаккули эътибор ва замонависозии равандҳои омодакунии кадрҳои баландихтисос дар ДДМИТ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин яке самтҳои дигари фаъолияти донишгоҳ ин фароҳам овардани шароити таҳсил ва таҷҳизотонидани базаи моддию техникии он мебошад, ки ба сатҳи сифати байналмилалии таҳсилот мусоидат мекунад. Вобаста ба ин чанде пеш вохӯрӣ бо намояндагони Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДМИТ баргузор гардид. 
Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фирӯз Қодиров, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Зуҳайлия Махсутшоева бо сармутахассис-коршиноси Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Антон Сергеев ва директори тиҷоратии ҶДММ «Ламифор-Тюмень» Александра Коновалова масъалаи ҳамкориҳоро оид ба таҷҳизотонидани донишгоҳ муҳокима гардид. 
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ омода кардани Парки технологии ДДМИТ аз ҷониби ҶДММ «Ламифор-Тюмень» корхонаи истеҳсоли мебел ва таҷҳизот барои муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин пас аз ба итмом расидани сохтмони бинои таълимии чорошёнаи донишгоҳ, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтаанд, масъалаи таҷҳизотонидани бино низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз вусъати ҳамкориҳо фароҳам овардани муҳити муосири таълим ва бо таҷҳизоти моддиву техникӣ фаро гирифтани донишгоҳ мебошад. 
Ёдовар бояд шуд, ки Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи расмии дипломатӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон дар асоси созишномаи дуҷонибаи байниҳукуматӣ дар бораи таъсиси намояндагиҳои тиҷоратӣ амал мекунад ва манфиатҳои тиҷоратию иқтисодии Россияро дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2006 кушода шудааст.