Хабарҳо
Нақши Конститутсия дар қонунгузории миллӣ
Санаи 25-уми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими қонунгузории миллӣ» баргузор гардид. Мизи мудавварро муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров ифтитоҳ ва оид ба нақши қонуни асосии кишвар дар пойдории кишвар ва рушди он ибрози андеша намуд. Дар ин чорабинӣ меҳмонон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия, д.и.ҳ, профессор Сафарзода А.И. ва мудири кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент Каримов А.Қ. иштирок намуданд.
Пас аз он профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ Шавкат Исмаилов дар бораи таърих ва таҳияи Конститутсияи кишвар маърӯза намуд. Зимни баромад мавсуф қайд намуд, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳрвандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард.
Дар идомаи мизи мудаввар мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Анвар Сафарзода дар мавзӯи «Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории ҷиноятӣ» маърӯза намуд. Номбурда ҳангоми маърӯза таҳияи қонунгузории ҷиноятии кишварро дар асоси қонуни асосӣ бо тафсири чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дод.
Инчунин, дар мизи мудаввар Абдулҳанон Каримов дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар ҷомеаи иҷтимоӣ» баромад намуд. Мавсуф ҳангоми баромад ба нуктаҳои қонуни асосӣ, ки маҳз ба иҷтимоиятии ҷомеаи кишвар нигаронида шудааст, таваҷҷуҳ дод.
Дар анҷом музокираи ҳуқуқшиносон бо ҳозирин вобаста ба паҳлӯҳои дигари нақши Конститутсия дар давлатдории кишвар сурат гирифт.
Б.Муродалиева