Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши харидуфурӯши коғазҳои қиматнок

Омӯзиши харидуфурӯши коғазҳои қиматнок

Масъалаи ташаккули бозори коғазҳои қиматнок яке аз масъалаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ташаккулёбии бозори дуюминдараҷа ҳамчун муайянкунандаи самаранокии иқтисодиёти ҳақиқӣ ва нигоҳдорандаи рушди устувори низоми иқтисодиёти миллӣ мебошад. Самаранокии бозори коғазҳои қиматнок бошад, ҳамчун як қисми ҷудонашаванда ва ташаккулёфтаи диверсифисионии иқтисодиёт аст. 
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқи буҷети давлатӣ, дараҷаи баланди касри буҷет, беқурбшавии пули миллӣ (сомонӣ) ва муфлисшавии шумораи зиёди корхонаҳо ба назар мерасад. Маҳз ба туфайли ин зарурат, ҷалбнамоии маблағҳои муваққатан озоди сармоягузоронро бо коғазҳои қиматнок ҳамчун омили муҳими муносибатҳои молиявӣ ҳисобида, татбиқи онро дар Тоҷикистон бағоят муҳим мешуморанд. 
Вобаста ба ин масъала, Маркази такмили ихтисоси ДДМИТ аз рӯи иҷозатномаи худ барои хоҳишмандон курсҳои молиявиро ба роҳ мондааст. 
Маркази такмили ихтисос аз моҳи июли соли ҷорӣ то инҷониб дар асоси курси кутоҳмуддати “Молия ва иқтисод” омӯзиши хариду фурӯши коғазҳои қиматнок ва ҷалби сармояро ба роҳ монда, бо ширкати ҶДММ “НУР САФАР”, ки директори генералии он Нурулло Ҳусейнов мебошад, шартнома баст. Дар асоси ин шартнома аз 11-ум то 16-уми ноябри соли равон ба мутахассисони ин ҷамъият курси омӯзишии хариду фурӯши коғазҳои қиматнок ва ҷалби сармояро гузаронида, дар интиҳо ба шунавандагон сертификат тақдим гардид. 
Тренери ин курс устоди донишгоҳ Нодирҷон Солиев буда, ба онҳо самтҳои хариду фурӯши коғазҳои қиматбаҳо ва ҷалби сармояро мукаммал фаҳмонид. 


Ҳ. Носирзода