Хабарҳо
Баррасии самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёт
Рӯзи 28 ноябри соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи муносибатҳои молиявию қарзии байналхалқии ДДМИТ дар мавзӯи «Татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир» бо иштироки олимону коршиносони соҳа мизи мудаввар баргузор гардид.
Ҳамоиши илмиро бо сухани муқаддимавӣ Сафаров Б.Г., муовини ректор оид ба илм кушода, қайд намуд, ки бо мақсади баррасии амалигардонии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба ин ҳамоиш муаллифони асосии ин барномаҳо даъват шудаанд, то ки мониторинги иҷроиши онҳоро ба мо шарҳ бидиҳанд.
Сипас Лутфулло Саидмуродов, д.и.и., профессор, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар мавзӯи «Амалисозии ҳадафҳои СМР барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, ин ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатиро таҳлил кард.
Мавсуф қайд намуд, ки дар муддати чор соли амалишавии ин ҳуҷҷатҳо ҳадафҳои стратегии рушд инҳоро дар бар мегирифт, ба мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул; таъмини дастрасии муътадил ба захираҳои энергетикӣ; баромадан аз сатҳи пасти худтаъминкунии озуқаворӣ; ҳамгироии долонҳои нақлиётии фаромарзӣ ва миллӣ, тараққӣ додани шабакаҳои телекоммуникатсионӣ; таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ки имрӯз мо ба қисме аз ин ҳадафҳо расидаем.
Саидмуродов Л. дар идома ноилшавӣ ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро таҳлил намуда, таъкид дошт, ки дар натиҷаи азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии аз лиҳози техникӣ имконпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқи мақсад Тоҷикистон метавонад 317 млрд. кВт соат неруи барқро дар як сол истеҳсол намояд, ки аз он айни замон танҳо 5% аз худ гардидааст. Аз рӯи истифодабарии захираҳои «энергияи сабз» бошад, кишвар дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Профессор аҳамияти иқтисодии НБО «Роғун»-ро махсус таъкид карда, қайд намуд, ки аз рӯи таҳлилҳо имрӯз 1 млн. кВт соати истеҳсолшуда ба ташаккули тақрибан 400 ҳазор сомонии арзиши иловагӣ, яъне ММД кишвар мусоидат менамояд. Яъне, танҳо як агрегати НБО «Роғун» аз рӯзи аввали истифодабарӣ, аллакай тахминан 300 млн. сомонии ММД-ро таъмин кардааст.
Баъдан барои пурра ноилшавӣ ба ин ҳадаф, профессор Консепсияи 10/10/10/10-ро пешниҳод намуд, ки аз инҳо иборат аст, якум, иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10гВт расонида мешавад, имрӯз ин иқтидор тақрибан ба 5,7 гВт баробар аст. Дуюм, содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 млрд.кВт соат расонида мешавад, феълан тақрибан 1,3-1,5 млрд.кВт соатро ташкил медиҳад. Сеюм, диверсификатсияи иқтидори низоми электроэнергетикаи кишвар тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар ҳаҷми на камтар аз 10% таъмин карда мешавад, имрӯз ин ба 5,4% баробар аст. Чорум, талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% паст карда мешавад, имрӯз ин нишондиҳанда, дар маҷмӯъ, тақрибан 15-17%-ро ташкил медиҳад.
Мавсуф дар бораи сенарияҳои рушд, ки тавассути онҳо ба вазифаҳои дарпешгузошта расидан мумкин аст, ба мисли сенарияи инертсионӣ, индустриалӣ ва индустриалию инноватсионӣ истода гузашта, сенарияи индустриалиро аз ҳама дастрастар ва эълон гардидани ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръатро низ ба он алоқаманд донист.
Номбурда дар идома қайд намуд, ки имрӯз ҳиссаи саноат дар ММД кишвар 17,3%-ро ташкил медиҳад ва то давраи соли 2030 он бояд 22%-ро ташкил диҳад ва амалишавии ҳадафи чаҳорум ба он равона гардидааст.
Баъдан ин мавзӯъро Мурод Худоиев, дотсенти ДМТ идома дода, дар бораи нақши саноатикунонии босуръат дар таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар баромад карда, мафҳуми «саноатикунонии босуръат»-ро бо мисолҳои мушаххас шарҳ дод, инчунин амалисозии саноатикунонии босуръатро бо роҳҳои илман асоснок пешниҳод намуд.
Дар ҷамъбаст музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Машҳура Абдуллоева