Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг

Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг

Санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ дар ДДМИТ маҳфили навбатии «Фарҳангдӯст»-и кафедраи фанҳои гуманитарӣ доир гардид. Дар он файсалуф Комил Бекзода оид ба вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии муосири ҷомеа, ки дар китоби «Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг» ба таври васеъ инъикос ёфтааст, изҳори андеша намуд. 
Номбурда зимни маърӯза вобаста ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба масъалаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, огоҳ намудани онҳо аз решаҳои амиқи таърихии фарҳанги халқи тоҷик, бедор намудани ҳисси ифтихор дар андешаи онҳо нисбат ба Ватан ва фидокориҳои бедареғи фарзандони халқи тоҷик дар тӯли таърих суханронӣ кард. 
Зимни музокираҳо масъалаи нигаҳдории фарҳанги азал ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва хештаншиносии миллӣ мавриди баҳс қарор гирифт.