Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯён бо ВНМО мубориза мебаранд

Донишҷӯён бо ВНМО мубориза мебаранд

Санаи 30-уми ноябри соли равон бо ташаббуси нуқтаи тиббӣ ва раёсати корҳои маъмурию хоҷагидорӣ дар ДДМИТ чорабинӣ бахшида ба мубориза бо ВНМО баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Робия Раҳмонова, мутасаддӣ оид ба барномаи ВНМО ва Нигина Камолова, мутахассиси Маркази саломатии шаҳрии рақами №1, Саодат Набиева, мутахассиси маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар шаҳри Душанбе, Шаҳло Раҷабова ва дигар намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Дар оғоз сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода суханронӣ намуда, сипосгузории раёсати донишгоҳро ба ташкилкунандагони чорабинӣ расонид. Номбурда зимни баромад хатари паҳншавӣ ва олудасозии миллатро бо ин вируси хатарнок хотирнишон сохта, ҷавонони кишварро барои муборизаи дастаҷамъона бо он ва пешгирии гирифторшавӣ даъват кард. 
Дар идома донишҷӯ Шукрона Саидзода бо забони англисӣ оид ба ВИЧ/СПИД маълумоти мухтасарро пешкаш кард. Инчунин, аз ҷониби мутассисони соҳаи тиб оид ба пайдоиш, роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирӣ аз мубтало шудан ба Вируси Норасоии Масунияти Одам баромадҳо карда шуд. 
Дар рафти чорабинӣ гуфта шуд, ки ВНМО бемориест, ки онро барангезандаҳои норасоии масунияти бадан пайдо менамоянд. ВНМО танҳо дар ҳуҷайраҳои қувваи муҳофизавии бадан инкишоф ёфта метавонад. ВНМО бо се роҳ вориди бадан мешавад: бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, яъне ҳангоми алоқаи ҷинсии беҳимоя, аз хун ба хун, сироятёбӣ ҳангоми ворид шудани хуни сироятшуда ба бадани шахси солим ва аз модар ба кӯдак, сирояти ВНМО аз модари сироятшуда ба кӯдак дар вақти ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ мегузарад. 
Дар идома аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ саҳначаи тарбиявӣ-ахлоқӣ оид ба гирифторшавии ВНМО бо роҳи истифодаи сӯзандоруи шахси сироятёфта ба намоиш гузошта шуд. 
Дар чорабинӣ аз ҷониби намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба таърих, роҳҳои гирифторшавӣ, пешгирӣ, муолиҷа ва ҳимоя аз ВНМО филми мустанад намоиш дода шуд. 
Дар идома барои тақвияти дониши толибилмон оид ба ВНМО викторина доир шуда, донишҷӯёни ғолиб соҳиби туҳфаҳо гардиданд. 


Меҳрона Ҳакимова, ҳамшираи тиббӣ