Хабарҳо
Осебпазирӣ ва рақобатпазирии низоми бонкӣ
Санаи 29-уми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолиятии бонкии факултети молия ва қарз дар доираи нақшаи зермаҳфили “Зеҳн” маҳфили илмӣ-амалӣ бо иштироки мутахассисони ҶСП ТАҚХ “Фазо С” Абдусамад Нуров ва Манижа Исмоилова, раиси шӯрои нозирони ташкилот Искандар Давлатов ва профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи “Осебпазирӣ ва рақобатпазирии низоми бонкӣ дар шароити номувозинатии иқтисодиёт” баргузор гардид.
Маҳфилро декани факултет дотсент Ҳокимбек Сандалов ифтитоҳ намуда, оид ба вазъи осебпазирӣ ва рақобатпазирии низоми бонкӣ дар шароити иқтисодиёти имрӯза ибрози андеша намуд.
Дар маҳфил масъалаи мушкилоти имрӯзаи вазъияти низоми бонкии кишвар ва механизмҳои асосии осебпазирӣ ва рақобатпазирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баромадҳо қайд гардид, ки низоми бонкии кишвар дар як давраи ҳассос бо таъсири манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст. Вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа маълум гардид, ки баъзе аз бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ба амалиёт ва хизматрасониҳои бонкӣ осебпазир ҳастанд.
Инчунин аз тарафи профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Шариф Раҳимзода оид ба моҳият ва воқеияти осебпазирӣ ва дигар меъёрҳое, ки ба он вобастаанд ва таъсири зиёд мерасонанд, андешаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон Искандар Давлатов оид ба масъалаҳои осебпазирӣ ва рақобатпазирӣ ба таври мушаххас шарҳ дод.
С.Махшулов, муовини декан оид ба илм