Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Робита бо волидайн мустаҳкам мегардад

Робита бо волидайн мустаҳкам мегардад

Санаи 30-юми ноябри соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор маҷлиси падару модарон баргузор гардид. Дар маҷлис волидони курсҳои 1-ум ва 2-юми ихтисоси омор иштирок доштанд. Дар ҷаласа сардори раёсати тарбиявӣ Абдулло Давлатзода зимни суханронии худ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», барномаҳои омоданамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷалби волидайн ба муассисаҳои таълимӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ДДМИТ дар самти таълиму тарбия андешаронӣ намуд. Мавсуф дар идома афзуд, ки мо бояд ба таълиму тарбияи донишҷӯён диққати махсус диҳем, то онҳо аз корҳои беҳуда даст кашида, ба сӯйи илму дониш майл кунанд. 
Инчунин дар идома мудири кафедраи омор дотсент З.Иматшоев қайд намуд, ки аз шароитҳои фароҳамовардаи муассиса донишҷӯён ба суди худ истифода бурда, савияи донишу малакаи хешро боло баранд. 
Дар охир музокира бо суханронии теъдоде аз волидон ва суолу ҷавоб вобаста ба иштирок дар дарсҳо ва корҳои ҷамъиятӣ ва натиҷаи райтингҳо сурат гирифт. 


У.Усмонов, эдвайзер оид ба тарбияи факултет