Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таъсири туризми байналмилалӣ дар муаррифии Тоҷикистон

Таъсири туризми байналмилалӣ дар муаррифии Тоҷикистон

Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои асосии пешбурди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои рушди соҳаи туризм тадбирҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Ин аст, ки бо дарназардошти инкишофи инфрасохтори деҳот, рушди сайёҳӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Тоҷикистон дар самти туризми байналмилалӣ низ мавқеи хосаро дар байни кишварҳои ИДМ ишғол мекунад. 
Вобаста ба баррасии рушди сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ санаи 3-юми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар мавзӯи “Таъсири туризми байналмилалӣ дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ” мизи мудаввар баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ Беҳрӯз Абдуллозода, сахмутахассиси муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба марҳилаҳои рушд ва амалишавии ҳадафҳои сайёҳии кишвар баромад намуд. Б.Абдуллозода гуфт, ки “Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мебошад, ки ин барои муаррифии имкониятҳои туристии кишвар заминагузор аст. Инчунин, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ ва рушди соҳа 28-уми майи соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбарандаи соҳаи туризм таъсис ёфт. Ҳамзамон барои рушди сайёҳии кишвар Барномаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020 амал дорад”. Номбурда, инчунин оид ба амалишавии ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сухан гуфт. 
Дар идома ассисент Нилуфар Ақдодова дар мавзӯи “Махсусиятҳои ташаккул ва рушди туризм дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Номбурда зимни баромад оид ба омилҳои пешбурд ва рушди туризми деҳот маълумот дод. Таъкид шуд, ки бо фароҳам овардани шароити мусоид дар деҳот метавон рушди сайёҳиро дар як раванди инкишофёбанда пеш бурд. Зеро имкониятҳои сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон зиёданд ва барои тараққии он мутахассисони соҳибтаҷриба лозим аст. 
Инчунин, дар мизи мудаввар дар мавзӯъҳои “Муаммоҳои рушди сайёҳии Тоҷикистон”, “Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ маърӯзаҳо карда шуд. 
Зимни маърӯзаҳо гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар як соли ахир дар рушди сайёҳӣ дар байни кишварҳои ИДМ мавқеи намоёнро ишғол кардааст. Дар баробари ин, эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун дуюмин кишвари амнтарини ҷаҳон, пас аз кишвари Сингапур яке аз омилҳои дигари пешравии соҳаи туризм дар мамлакат мегардад. Дар анҷом мушкилоти рушд ва роҳҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар баррасӣ ва муҳокима гардиданд. 


Н.Раҳимзода