Хабарҳо
Баррасии масъалаи ҷалби сармоягузории хориҷӣ
Санаи 3-юми декабри соли равон дар кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмии донишҷӯён гузаронида шуд. Дар маҳфил донишҷӯёни курси 3 Ш.Ҷумъаев дар мавзӯи «Сармоягузориҳо ҳамчун омили рушди иқтисодиёт» ва А.Ҷураев дар мавзӯи «Ташкилотҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ: мақсад ва вазифаҳои онҳо» баромад намуданд. Донишҷӯён дар доираи мавзӯъҳои баррасишаванда презентатсияҳо омода намуда, доир ба муаммоҳо ва роҳҳои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар бо истифода аз маълумотҳои расмӣ таҳлилҳо пешкаш намуданд.
Қайд карда шуд, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар соли 2018, 644,5 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 326,8 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим ва 317,7 млн. доллари ИМА қарзҳои аз ҷониби корхонаҳову ташкилотҳо ҷалбгардида мебошанд.
Дар доираи мавзӯи дуюм мавқеи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ҳамчун созмони байналмилалии асъорию қарзӣ дар Тоҷикистон, ҳамкориҳо ва кумакҳои моддию техникие, ки ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, баррасӣ гардид.
Дар охир миёни донишҷӯён музокира ва саволу ҷавобҳо ҷиҳати мавзӯъҳои баррасишуда сурат гирифт. Устодони кафедра Буриева М.Ч. ва Усмонов П.Н. барои пурра гардонидани ҷавобҳои додашуда фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Сангинова Ш.Э., раиси МИД-и кафедраи ММҚБ