Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Рӯзи 5 декабри соли равон бо ташаббуси Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ҳамоиш доир гардид. Дар он волонтёрони фаъоли донишгоҳ ширкат варзиданд. 
Ҳамоишро сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки феълан фаъолияти волонтёрӣ дар тамоми самтҳо васеъ истифода мешавад. Волонтёрӣ мактаби бузурги ташаккул ва далериву шуҷоат аст ва инсон дар он донишу малакаи худро сайқал медиҳад. Мактаби волонтёрӣ дар таълимгоҳ мо низ рушд карда, дар он донишҷӯёни беҳтарину фаъол ҷамъ карда шудаанд ва онҳо мекӯшанд вақту дониш ва имконияти худро ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд. 
Давлатзода А. дар идома аз волонтёрони собиқ, ки имрӯз ба мақомҳои баландтар расидаанд, ба мисли Дилшод Давлатзода, Ҷовидон Халифазода, Манижа Гулмадзода ёдовар шуда, фаъолияти эшонро барои дигарон омӯзанда хонд. 
Худи ин нафарон низ ба сухан баромада, волонтёриро мактаби ташаккули шахсият дониста, софдилонаю масъулиятшиносона фаъолият карданро муҳим арзёбӣ карданд. Аз волонтёрон даъват ба амал оварданд, ки бо идеяю ташаббусҳои созанда кор кунанд, зеро ин фаъолият метавонад ҷавононро меҳнатдӯсту ватанпарвар созад Ёдовар мешавем, ки 5 декабр ҳамасола дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз тарафи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1985 пешниҳод шуда, аз ҳамон сол инҷониб он ҳамчун иди расмӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кардааст. Аз ин рӯ имрӯз дар тамоми самтҳо фаъолияти волонтёрӣ васеъ истифода мешавад. 


Абдуллоева М.