Хабарҳо
Баррасии илмии масоили идоракунии молияи давлатӣ
Чун ҳамасола дар мамлакат 7 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия қайд карда мешавад, аз ин рӯ, вобаста ба он дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, кафедраи молия ва Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами идоракунии молияи давлатӣ: ҷанбаҳои миллӣ ва минтақавӣ» ба муносибати 95-солагии Вазорати молияи ҶТ доир гардид, ки олимону коршиносони соҳаро гирд овард.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода кушода, қайд намуд, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самаранокии сиёсати молиявӣ, аз он ҷумла сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд.
Ислоҳоти низоми молиявию қарзӣ, ки дар солҳои охир дар мамлакат оғоз гардидааст, талаботро нисбат ба малакаи кадрҳои соҳаи молия ҷиддитар кардааст. Аз ин рӯ, дар назди ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ масоили зарурати баланд бардоштани сифати таълим ва дар ин замина, омодасозии мутахассисони соҳибкасб дар мадди аввал меистад ва онҳо мекӯшанд, ки бо фаъолияти пурсамари хеш ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳм гузоранд ва ташкили конфронси имрӯза низ ба он вобаста аст, гуфт ректор.
Баъдан намояндаи Вазорати молияи ҶТ Аскаралӣ Баротов баромад карда, иброз дошт, ки идоракунии устувори молияи давлатӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои татбиқи самараноки онҳо корҳо босуръат идома доранд. Ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сохтори низоми молиявии кишвар куллан тағйир ёфта, муносибатҳои нави молиявӣ, пеш аз ҳама, идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи муътадили маблағгузории буҷет, ташкили бозори коғазҳои қиматнок ва ғайраҳо равиши навро дар ин низом ба миён оварданд. Инчунин, таҳия, баррасӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, тартиби маблағгузорӣ ва танзими истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ низ дигар шуда, низоми молиявӣ дар кишвар ба як низоми устувори идоракунии молияи давлатӣ мубаддал гашт.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идоракунии устувори молияи давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст.
Гуфта шуд, ки бо назардошти вазъи мураккаби молиявию иқтисодӣ дар кишвар дар назди кормандони мақомоти молия як қатор вазифаҳо истодаанд, ки иҷрои онҳо ногузиранд, ба мисли идоракунии самараноки молияи давлатӣ, пешгирии хавфҳои навбатии таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, бахусус сиёсати фискалӣ, ғанӣ гардонидани даромади буҷет ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва ба монанди инҳо.
Сипас Фирдавс Муқаддасзода, д.и.и., муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти ҶТ дар мавзӯи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ омили паст кардани фишор ба хароҷотҳои буҷети давлатӣ» маърӯза кард. Мавсуф аҳамияти тақвияти шарикии давлат ва бахши хусусиро барои рушди иқтисодиёт муҳим дониста, қайд намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои паст кардани хароҷотҳои давлатӣ ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мустаҳкам мегардад. Масалан, дар Британияи Кабир дар натиҷаи татбиқи ин механизм 17%-и маблағҳои буҷетӣ сарфа карда шуданд ва дар ин мамлакат беш аз 700 лоиҳа дар ин самт татбиқ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин таҷриба роҳандозӣ гардида, дастовардҳои назаррас рӯи кор омаданд, ба монанди фаъолияти ширкати «Помир энерҷӣ», ки қаламрави ВМКБ-ро бо неруи барқ таъмин менамояд ё ин ки дар натиҷаи амалигардии механизми ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ таҷдиди роҳҳо ва дигар инфрасохтор дар маҳалҳо сурат гирифтанд, ки боиси дастгирист. Дар охир профессор барои тақвияти ин ҳамкориҳо чанд пешниҳоди судманд кард.
Дар идома Назулло Абибуллоев, мушовири раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешбурди сиёсати монетарӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Мавсуф низоми бонкии кишварро таҳлил карда, қайд намуд, ки бо мақсади боло бардоштани саводнокии молиявӣ дар байни аҳолӣ иқдоми фарогирии молиявӣ роҳандозӣ гардидааст, ки ин имкон медиҳад, ки одамон ба воситаи он низоми молиявии оилавиашонро ба танзим дароранд ва аз хизматрасониҳои электронии бонкӣ ба таври васеъ истифода баранд.
Ҳамзамон, мутахассиси бонк дар бораи сиёсати монетарӣ, додани қарзҳо ба соҳибкорон, беҳтар шудани сандуқи қарзӣ маълумоти васеъ дода, ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои қонеъкунанда дод.
Пас аз нисфирӯзӣ конфронс дар бахшҳои молия ва қарз ва умумииқтисодӣ идома ёфт ва дар онҳо масъалаҳои таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва низоми молияи мамлакат, таъминоти молиявии истифодабарии иқтидори содиротии кишвар, механизми молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт, сиёсати молиявии давлатӣ ва маҳаллӣ баррасӣ гардиданд.
Машҳура Абдуллоева