Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Роҳнамоии ояндасозони миллат

Роҳнамоии ояндасозони миллат

Санаи 6-уми соли равон дар ДДМИТ вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Бобозода, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳимзода ва корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Исмоилов бо устодону донишҷӯён доир гардид, ки ҳадаф аз баргузории он пешгирии амалҳои номатлуб ва даст назадани ҷавонон ба ҷинояткорӣ буд. 
Вохӯриро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим А. Нурализода ифтитоҳ намуд. 
Сипас Ғулом Бобозода дар бораи мушкилоти асосии ҷавонон баромад намуда, қайд кард, ки сатҳи пасти дониш, бемаърифатӣ ва дигар мушкилиҳо метавонад ҷавонони моро гумроҳ созанд. Ҳалли ин масъала аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ бисёр вобастагӣ дорад. 
Дар идомаи вохӯрӣ Абдураҳим Исмоилов дар бораи даст задани ҷавонон ба амалҳои номатлуб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки соли равон дар пойтахти мамлакат 87 лаҳзаи қонунвайронкунӣ аз ҷониби ҷавонон сар задааст. 
Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳимзода ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунанда ва ояндасози имрӯзу фардои ватананд. Мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. 


Бибиноз Муродалиева