Хабарҳо
Ҳимояи аввалин дар Шӯрои диссертатсионии ДДМИТ
Боиси хушнудист, ки пешравиҳо дар самти илм дар донишгоҳ рӯ ба афзоиш дорад ва дар таълимгоҳ амал кардани Шӯрои диссертатсионӣ худ ин як дастоварди бузургест. Санаи 6 декабри соли равон аввалин ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Шӯрои мазкур доир гардид, ки оғози иқдоми нек аст.
Дар оғози ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва аъзои Шӯро баромад карда, оғози фаъолияти онро барои ҳамагон муборакбод гуфт ва афзуд, ки дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон болобардории сифати таълиму тарбия ва сифати илмро ёдрас мешаванд, ки басо муҳим буда, чи аз ҷиҳати назария ва чи аз ҷихати амалия ҳамаи тадқиқотҳои илмӣ бояд характери татбиқӣ дошта бошанд. Минбаъд аъзоёни Шӯро бояд инро ба инобат гиранд, дар рисолаи илмии ба ин Шӯро пешниҳодшаванда ва ҳимояшаванда навгониҳои илмӣ танҳо дар коғаз намонда, балки дар амал барои рушди иқтисодиёти кишвар татбиқ гарданд, дар сурати татбиқи ин амал Шӯрои диссертатсионӣ метавонад рисолати хешро софдилона иҷро карда бошад.
Мавсуф аз раёсати Шӯро ва аъзоён даъват ба амал овард, ки ба сифати корҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар қабул, коркард ва баровардани рисолаҳои номзадӣ ҷиддӣ муносибат кунанд, ки ин кори басо заҳматталаб аст.
Дар идома ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ меҳмонони олиқадрро ба таълимгоҳ хайра мақдам гуфта, қайд намуд, ки оғози фаъолияти Шӯрои диссертатсионӣ дар ДДМИТ барои аҳли коллективи он ва унвонҷӯёну аспирантон барои ҳимои рисолаҳои номзадӣ ва тақвияти корҳои илмию тадқиқотӣ имконияти мусоидро фароҳам месозад. Аз ин рӯ, барои фаъолияти пурсамар аз аъзоёни Шӯро даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳо масъулиятшиносу софдилона муносибат кунанд, то ин ки рисолаҳои илмии арзанда ва барои рушди иқтисодиёти кишвар мусоидаткунанда дар ин ҷо ҳимоя ва баррасӣ бигарданд.
Сипас Қудратов Рустам Раҳматович, ди.и., профессор, раиси Шӯрои диссертатсионӣ баромад карда, афзуд, ки дар муддати 7 моҳи фаъолияти Шӯрои диссертатсионӣ ба он 14 кори илмӣ аз рӯи ихтисосҳои дар он амалкунанда ворид гардидааст, ки аз ҷониби экспертон омӯхта шуда, 6 рисола барои ҳимоя қабул гардида, дар сомона эълонаш ҷо карда шудааст ва дар ҷаласаи имрӯза рисорлаи номзадии ду нафар муҳокима мегардад.
Сипас унвонҷӯи кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ Урунбаева Нигина Абдумухторовна дар мавзӯи «Совершенствование механизма регионального управления устойчивого водопользования» (на примере Согдийской области)” зери роҳбарии профессор Қудратов Р.Р. ва унвонҷӯи ДТТ Раҳимов Музафар Идиевич дар мавзӯи “Танзими давлатии шуғли аҳолӣ дар минтақаи қувваи кориаш барзиёд (дар мисоли ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)” таҳти роҳбарии д.и.и.,профессори кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнати ДДТТ Ҷабборов А.Ҷ. барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05. – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёти минтақавӣ баргузор гардид ва бомуваффақият ҳимоя карданд.
Мо Урунбаева Нигина ва Раҳимов Музафарро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, барояшон парвозҳои нави эҷодиро таманно дорем ва умед дорем, ки Шӯрои диссертатсионӣ кадрҳои илмии арзандаро рӯи кор меорад.
Ёдовар мешавем, ки 3 апрели соли ҷорӣ бо фармоиши раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 67 дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) таъсис дода шуд.
Шӯрои диссертатсионии мазкур доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050600-Иқтисодиёт, 6D050900-Молия, 6D050200-Бизнес-мудирияти соҳибкорӣ ва барои дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 08.00.05-Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёти минтақавӣ ва 08.00.10-Молия, гардиши пул ва қарз тайёр мекунад. Рамзи шӯрои диссертатсионӣ 6D.КОА-051 муқаррар карда шудааст.
Машҳура Абдуллоева