Хабарҳо
Волидайни донишҷӯён ба ДДМИТ омаданд
Санаи 7-уми декабри соли равон бо ташаббуси садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ декани факултет дотсент Муқимов Қ,М., сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Давлатзода А., муаллими калони кафедраи забони русии донишгоҳ Ҷумъа Махшул, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки вохӯрии мазкур дар асоси Қарори ҷаласаи раёсати донишгоҳ, ки бояд ҳар семоҳа чунин вохӯриҳо баргузор карда шаванд, ташкил ва гузаронида шуд.
Дар оғоз декани факултет Қутбиддин Муқимов вобаста ба баррасии рӯзномаи ҷаласа баромад намуда, қайд кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатноку дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ҷавонон тақвияти ҳамкориҳоро бо волидону ҷомеа тақозо менамояд. Бинобар ин, ташкили маҷлиси волидон ва огоҳ намудани онҳо аз вазъи таълиму тарбияи фарзандаш барои беҳтаршавии вазъи мавҷуда ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидон нақши муассир мегузорад, гуфт Муқимов Қ.
Масъалаи дигари ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни давомот ва натиҷаҳои ҷамъбасти рейтинги якуми донишҷӯён буд. Гуфта шуд, ки ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботи ҷориро ичро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Пас аз ин саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои волидон шунида шуд. Дар фарҷом ба як қатор волидони донишҷӯёни фаъол сипоснома аз тарафи садорати факултет тақдим карда шуд.
Мавҷуда Давлатова, эдвайзер оид ба тарбия