Хабарҳо
Ташкили курси низоми идоракунии молияи давлатӣ (TFMIS) дар Панҷакент
Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати амалинамоии нақша ва иҷроиши саривақтии супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Аз ҷумла тамоми сармуҳосибону муҳосибони муассисаҳои буҷетии ҷумҳуриро тавассути барномаи SGB.net, яъне барои аз бар намудани Низоми идоракунии молияи давлатӣ (TFMIS) аз курсҳои омӯзишии гузаронад. Бо ҳамин мақсад МТИ курсҳои омӯзишии сайёрро дар минтақаҳои кишвар ташкил намудааст.
Тибқи мактуби дархостии сардори Раёсати молияи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Каримзода Р.А. таҳти №586 аз 13 ноябри соли 2019 оид ба омӯзонидани сармуҳосибони муассисаҳои буҷетии маҳаллии шаҳр барои аз худ намудани Низоми идоракунии молияи давлатӣ (TFMIS) МТИ курси омӯзиширо дар худи шаҳри Панҷакент доир намуд, ки ҳадаф аз ин такмили ихтисос ва боло бурдани савияи донишу малакаи касбии сармуҳосибон мебошад.
Курси мазкур аз санаи 25.11.2019с. то 06.12.2019с. давом кард, ки машғулиятҳоро Қуватов Аҳлиддин ва Ёсинҷони Зайниддин - тренерони курс аз Лоиҳаи “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.
Дар анҷом ба иштирокчиёни курси мазкур сертификат дода шуд.
Маркази такмили ихтисоси ДДМИТ