Хабарҳо
Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа
Дар раванди сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намудаанд, ки “Яке аз хатарҳои асосии ҷомеа, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад». Вобаста ба ин мавзӯъ санаи 10-уми декабри соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар ДДМИТ бо ташаббуси факултети молия ва қарз мизи мудаввар дар мавзӯи «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар шароити имрӯза» баргузор гардид.
Онро декани факултет Ҳокимбек Сандалов ифтитоҳ намуда, вобаста ба хавф ва хатари ин зуҳуроти номатлуб бар рушди кишвар ибрози андеша кард.
Дар идома нозири калони раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ Маҷиди Абдукарим дар мавзӯи «Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва пешгирии он» маърӯза намуд. Мавсуф зимни баромад вобаста ба хатарҳо, қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия ва нақши мақомоти қудратӣ дар пешгирии ин зуҳурот ибрози андеша намуд. Ӯ гуфт, ки «Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешаванд. Соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба тасвиб расида, дар асоси он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян шуданд».
Дар идома афзуд, ки бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Вазифаҳои асосии Агентӣ аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.
Номбурда, инчунин оид ба Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020, ки дар он чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия пешбинӣ гардидаанд, андешаронӣ намуд. Созмони Милали Муттаҳид вобаста дар самти муқовимат бар зидди амалҳои коррупсионӣ чорабиниҳои муфид тарҳрезӣ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд. Ин аст, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи
Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия»-ро 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Дар рафти мизи мудаввар мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дотсент Ҷамрод Бобоев дар мавзӯи «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб» баромад намуд. Мавсуф дар рафти суханронӣ иброз дошт, ки «бо назардошти пазируфта шудани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» аз тарафи Тоҷикистон ва тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар маҳсуб ёфтани он зарурати ба талаботи Конвенсия мутобиқ намудани қонунҳои амалкунанда ба миён омад, ки дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ин иқдом пай дар пай амалӣ гашта, ба ҷараёни умумимиллии ислоҳоти қонунгузорӣ ва муқовимат ба коррупсия табдил гардид».
Гуфта шуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад. Бинобар ин дар ДДМИТ вобаста дар самти муқовимат бар зидди коррупсия корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамзамон сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии сарраёсати муқовимат бо коррупсия Алихон Розиқзода оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сухан ронд. Мавсуф иброз дошт, ки «Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ваколатдор амалӣ гашта, аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ хулоса дода мешавад».
Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон шудааст.
Н.Раҳимзода