Хабарҳо
Волидон бояд бетараф набошанд
Санаи 7-уми декабри соли равон маҷлиси падару модарони донишҷӯёни курсҳои якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид. Дар оғоз декани факултет дотсент Баҳодур Ҷӯрахонзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида падару модаронро барои дар маҷлис ҳузур доштанашон изҳори минатдорӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки таълиму тарбия дар факулта саҳми муайянеро дорад аз ин ҷост, ки робитаи волидайн ва раёсати донишгоҳ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Баъдан қайд намуд, ки моро зарур аст дар самти таълиму тарбия робитаи ҳамкориҳоро бо волидайн ҷоннок намоем. Ба саҳми волидон дар бораи самти таълим ва тарбияи фарзандонашон, сифати азхудкунии дониш ва азхудкунии фанҳои таълимӣ иттилоъ дода шуд. Баъдан сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода баромад намуда, оид ба суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қайд намуд, ки амалӣ шудани қонуни мазкур натанҳо ба души падару модар, балки роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзгорон, ҷомеа ва давлатро вазифадор менамояд, ки ба масъалаҳои тарбияи фарзанд диққати махсус диҳанд. Қонуни зикргардида дар тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Инчунии яке аз волидони донишҷӯён баромад намуда қайд кард, ки сабабгори паст баҳо гирифтани донишҷӯён ва суст шудани дониши онҳо, яъне ба таври нодуруст қабул кардани корҳои мустақилона ва корҳои хатии онҳо мебошад. Пешниҳод менамоям, ки корҳои хаттие, ки аз ҷониби кафедра аз рӯйи тақсимоти мавзӯъҳо пешниҳод мегарданд, ҳангоми қабул тариқи дастнавис пешниҳод карда шаванд.
Мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дотсент Саъдихоҷа Маъдиев баромад намуда қайд кард, ки аз санаи якуми сентбр то ин ҷониб интизор будем, ки ягон волидайн барои тавсия ба кафедра ташриф меорад, мутасифона аз рӯйи нишондодҳои хаттӣ ягон волидайн нисбати фарзандашон эҳтироз зоҳир накарданд. Аз ин бар меояд, ки робитаи волидайн бо кафедра, ки ячейкаи асосии донишгоҳ мебошад, бениҳоят суст аст. Пешниҳод менамоям, ки барои бақайдгирии тавсияҳои илмӣ – методӣ кафедра нисбати донишҷӯён аз ҷониби кафедра саҳифаи махсус кушода шудааст аз волидайни донишҷӯён хоҳиш менамоем, ки ин дафтар ва қайди он аз мадди назар дур намонад.
Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.
У.Усмонов, эдвайзер оид тарбия