Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пешгирии коррупсия кори ҳамагонист

Пешгирии коррупсия кори ҳамагонист

Ҷомеа ҷаҳонӣ имрӯз барои решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дастаҷамъона мубориза мебаранд. Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар қаламрави кишвар тадбирҳои судманд андешидааст. Аҳолии ҷумҳурӣ имрӯз аллакай дарк кардаанд, ки амалҳои коррупсионӣ бар пешрафт ва рушди ҷомеа зарари сахт мезананд. Бинобар ин, дар пешгирӣ ва мубориза бо он нақши донишҷӯён калидӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин мавзӯъ санаи 10-уми ноябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ мизи мудаввар баргузор гардид. 
Дар нишаст нахуст мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ, дотсент Ҷамрод Бобоев баромад намуда, иброз дошт, ки мавзӯи баррасишаванда яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи рушди ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ин зуҳурот яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумимиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Коррупсия боварии шаҳрвандонро ба давлат, институтҳои давлати демократӣ, ояндаи нек коста месозад ва ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсири манфӣ расонида, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад. 
Дар идома сардори бахши таъмини бахши ҳуқуқӣ, дотсент Сайдалӣ Ҳаитов оид ба зарарҳо ва монеаҳои амалҳои коррупсионӣ дар пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳим ибрози андеша намуд. Номбурда гуфт, ки ки маҳдуд сохтани коррупсия бояд ба таври маҷмӯъ ва ҳаматарафа сурат гирад. Азбаски сиёсати зиддикоррупсионӣ метавонад дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият ба зиддият рӯ ба рӯ шавад, тақозо мегардад, ки чораҳои мубориза бо коррупсия бояд ҳамеша таҳти назорати ҷиддӣ қарор ёбад, то ки чораҳои каммаҳсул ошкор ва аз онҳо даст кашида шуда, ба чораҳои таъсирбахш иваз карда шавад. Номбурда таъкид намуд, ки мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ муқовимат бо коррупсия дар тамоми шаклҳо бояд дар қонунгузории ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигари кишвар ба таври дахлдор инъикос ёбад. Ҳаркорӣ бо мақомоти зиддикоррупсия барои аз байн бурдани тамоми намудҳои амалҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. 
Ишора кардан зурур аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва омилҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидшуда таъсис дода шуд. Робитаи мустақим бо Агентӣ имконият медиҳад то ҷомеа аз амалҳои коррупсионӣ тоза шавад. 
Инчунин, дар рафти мизи мудаввар дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ музокира ва баррасӣ шуданд. 


Чеҳрон Элмуродов, ассистенти кафедра