Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши математика дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ

Нақши математика дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ

Дар ҷараёни навсозӣ омӯзиши фанҳои дақиқ ва таълими самараноки онҳо барои ояндаи кишвар ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ мебошад. Вобаста ба нақш ва мавқеи математика дар ҳалли мушкилот дар соҳаи иқтисод санаи 12-уми декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши математика дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ” баргузор гардид. 
Онро муовини ректор оид ба илм, дотсент Баҳром Сафаров ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки иқтисодиёти муосирро бе алоқамандии он бо математика тасаввур кардан ғайриимкон аст. Метод ва моделҳои математикӣ имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои иқтисодиёт самаранок истифода мешаванд. 
Инчунин, мавсуф афзуд, ки дар назди мо, омӯзгорон масъалае меистад, ки усулҳои таълими математикаро дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ тарзе ба роҳ монем, ки донишҷӯён дар оянда аз он самарабахш истифода бурда тавонанд. 
Дар идома профессор Нурулло Усмонов дар мавзӯи «Татбиқи математика дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки методҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла дар иқтисодиёти муосир татбиқи васеи худро ёфтаанд. Методҳои математикӣ воситаи асосии таҳлили зуҳурот ва равандҳои иқтисодӣ, сохтани моделҳои назариявӣ, пешгӯӣ намудани рафтори субъектҳои иқтисодӣ ва динамикаи он мебошад. 
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар натиҷаи татбиқи методҳои математикӣ дар иқтисодиёт омӯзиши пурраи таъсири омилҳои алоҳида ба нишондиҳандаҳои умумии иқтисодии фаъолияти ташкилот, кӯтоҳшавии муҳлати татбиқи таҳлил, баландшавии ҳисоббарориҳои дақиқи иқтисодӣ ва тадқиқи масъалаҳои бисёрченакаи аналитикӣ, ки ҳалли онҳо бо усулҳои анъанавӣ ғайриимкон аст, имконпазир мегардад. 
Ҳамчунин, дар идома дотсент Абубакр Кабиров оид ба пешрафти таълими математика пешниҳод намуд, ки бо мақсади алоқамандии математика бо иқтисодиёт дар тадқиқотҳои илмии иқтисодчиён математикон ҷалб карда шаванд. Инчунин, соатҳои таълимии математикаи олӣ аз 72/24 соат ба 48/48 соат иваз карда шавад. Дар ин ҳолат устодон имкон пайдо мекунанд, ки бо шогирдонашон мавзӯъҳои назариявиро ҳаматарафа таҳлил намуда, масъалаҳои мушаххасро ҳал кунанд. 
Дар охир музокира сурат гирифт, ки дар он дотсенти кафедраи математика дар иқтисодиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ М. Садриддинов, мудири кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ, дотсент Ғ. Ашуров ва дотсенти кафедраи математикаи олии ДДМИТ Б. Шарипов баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.