Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Методологияи таҳияи моделҳои эконометрикӣ

Методологияи таҳияи моделҳои эконометрикӣ

Санаи 10-уми декабри соли равон семинари «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Методологияи таҳияи моделҳои эконометрикӣ дар бахши саноат ва нақши он дар расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Сухани ифтитоҳиро сардори раёсати илм ва инноватсия, н.и.и. Даврон Хоҷаев кушода, қайд намуд, ки мавзӯи баррасишаванда хело муҳим ва зурур мебошад. Саноатикунонии кишвар аз ҷониби Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ қарор гирифтааст. 
Дар идома муаллими калони кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Зокир Хушмуҳаммадзода дар бахши саноати кишвар ҷиҳати таҳияи модели эконометрикию иқтисодӣ таҳқиқот гузаронидааст, натиҷаи онро маърӯза намуд. 
Дар айни замон, дар ҷаҳон ва дар дохили кишвар падидаҳои гуногуни иқтисодӣ ба амал омада истодаанд, ки андешидани чораҳои ба мақсад мувофиқ ва саривақтиро талаб менамояд. Аз ин хотир, таҳлили амиқ ва пешбинӣ намудани самтҳои ояндаи иқтисодиёт аҳамияти аввалиндараҷа дорад. 
Соли 2018 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки тибқи моддаи 4 Қонуни мазкур тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳоро вазифадор мекунад, ки дурнамои рушдро таҳия намоянд. Ишора шуд, ки мақсади тадқиқот дар мавзӯи матраҳшуда ин роҳҳои методологии таҳияи модели эконометрикӣ дар бахши саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои татбиқи он барои таҳияи дурнамо ва сохтани вариантҳои сенария дар ин самт мебошад. 
Аз соли 2011 нишондиҳандаҳои бахши саноати ҷумҳурӣ аз рӯйи таснифоти нави умумии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ҳисобӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, барои моделсозии ин бахш зарур омад, тамоми нишондиҳандаҳои аз рӯйи таснифоти қаблӣ ҳисобишуда бо таснифоти нав бозҳисобӣ карда шаванд. 
Дар охир кори семинар бо саволу ҷавобҳо хотима ёфт. 


У.Воҳидов, муовини декан оид ба илми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт