Хабарҳо
Роҳандозии маҳфили илмиву мубоҳисавии “Ҷилои оина” дар ДДМИТ
11 декабри соли 2019 нахустин маротиба маҳфили илмиву мубоҳисавии “Ҷилои оина”, ки бо ибтикори сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар донишгоҳ роҳандозӣ гардидааст, бо баррасии мавзӯи “Экстремизм ва терроризм дар ҳошияи замон ва таърих” доир гардид, ки дар он доираи зиёди донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ширкат ва бобати мавзӯи мавриди назар мулоҳизаронӣ намуданд. Гуфта мешавад, ки маҳфил барои фаъолноккунии донишҷӯён, ташаккули қобилияти фикрии онҳо, ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, густариши дидгоҳи замонавии онҳо, вусъатбахшии неруи зеҳнӣ дар замири донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.
Он ҳафтае як маротиба бо баррасии мавзӯъҳои гуногун доир мегардад. Мақсад аст, ки оянда маҳфил рамз ва сомонаи махсуси худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дошта, ба кори он намояндагони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, ташкилотҳои тиҷоративу истеҳсолӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону донишмандон даъват карда шаванд. Иштирок дар маҳфил озод аст.
Холмуродов Худойдод-мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ