Хабарҳо
Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат
Санаи 12-уми декабри соли равон бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и назди садорати факултети иқтисод ва бизнес Форуми донишгоҳӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 2019-2021» баргузор гардид.
Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ форумро ҳусни оғоз бахшида, зимни баромад ба масъалаи илмомӯзӣ ва талошкор будан дар омӯзиши касб аз ҷониби ҷавонон ибрози андеша намуд. Номбурда ба донишҷӯён ва аъзоёни ташкилот таъкид дошт, ки барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароит ва имкониятҳои беназир барои ба таҳсил фаро гирифтан самаранок истифода бояд баранд. Бинобар ин, соҳибмаълумот шудан ва азхудкунии малакаҳои касбӣ барои донишҷӯён дар пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат хеле муҳим мебошад.
Илова бар ин, номбурда омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва боло бардоштани тафаккури илмии ҳар як донишҷӯро дар шароити муосир ва мутобиқкунии донишҳояшонро бо раванди ҷаҳонишавӣ зарур арзёбӣ кард.
Баъдан, Бахтовар Давлатов, эдвайзер оид ба таълими факултети иқтисод ва бизнес баромад намуда, иброз дошт, ки воқеан ҳам, пешрафти имрӯзаи ҷамъият ҳарчи бештар ба илму маданият, ба қувваи бунёдкории эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷи калон дорад. Шароити имрӯзаи кишвар талаб менамояд, ки миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намуда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо замина муҳайё созем ва қувваи созандаи ононро баҳри фатҳи қуллаҳои нави илм, техника ва маданият равона кунем. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки бе иштироки бевосита ва фаъолонаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ягон натиҷаи назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст. Ғайр аз ин, насли ҷавони кишвар дар амалисозии табаддулоти иҷтимоӣ, таъмини инкишофи иқтисодӣ ва рушди техникии мамлакат манбаи асосии инсониро ташкил намуда, неруи эҷодӣ, қувваю тавон ва зиракии онҳо дар таъмини инкишофи устувори ҷомеа аҳамияти бузург ва ҳалкунанда дорад.
Сипас Фарух Бобомуродзода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и назди факултет дар мавзӯи «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ», Сифат Исломова, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси идораи давлатӣ дар мавзӯи «Муъминобод аз рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Муҳаммадҷон Аҳтамов, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси идораи давлатӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсии ҷавонон», Сулаймони Шодмон, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат», Хуршед Азизхоҷаев, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи «Муаммоҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар байни ҷавонон», Некрӯз Раҷабов, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи «Худшиносии ҷавонон рушди пешрафти ҷомеа» ва Улуғбек Ҳалимов, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон» маърӯзаҳо намуданд, ки дар натиҷа музокира ва суолу ҷавоб баргузор гардид.
Ҳамчунин, баъди маърӯзаҳо ва музокира муроҷиатномаи ҷавонони аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и назди факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ ироа гардид. Дар охир эдвайзер оид ба тарбия Ҷовидон Халифазода баромад намуда, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар гуфта буданд: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳат ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.
Ҳамзамон, ба чанде аз донишҷӯёни фаъоли аъзои ташкилот сипосномаи факултет супорида шуд.
Ҷ.Халифазода, эдвайзер оид ба тарбияи факултет