Хабарҳо
Донишҷӯёнро «Ҷавонон: дӯстӣ бидуни маҳдудият» ба ҳам овард
Аксияи «Ҷавонон: дӯстӣ бидуни маҳдудият» донишҷӯёнро барои боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ва Маҷмааи варзишиву истироҳатии «Сафеддара» бурд. Аз 5 то 10 декабри соли ҷорӣ дар доираи аксия бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ ва садорати факултети иқтисод ва бизнес 107 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз ёдгориҳои таърихиву муосири шаҳри Ҳисор ва Маҷмааи варзишиву истироҳатии «Сафеддара» боздид намуданд.
Дар доираи сафар фарогирифташудагон вобаста ба ёдгориҳои таърихиву дастовардҳои замони муосир маълумот пайдо намуданд. Дар зимн миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Ҳисор», «Дараи Алмосӣ» ва Маҷмааи варзишиву истироҳатии «Сафеддара» нишасти илмӣ оид ба таърихи фарҳангсолории миллати тоҷик, семинарҳо, виктарина ва бозиҳои варзишӣ доир гардид.
Инчунин дар назар аст, ки оянда дар доираи аксияи мазкур донишҷӯён ба дигар минтақаҳои кишвар сафарбар карда шаванд.
Худойдод Холмуродов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ