Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз»

Озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз»

Бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019”-ро рӯзҳои 20-ум ва 21-уми декабри соли равон дар ду марҳала: тестӣ ва шифоҳӣ баргузор менамояд. Озмун аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи андоз натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд. 
Имрӯз дар ДДМИТ бо иштироки зиёда аз 100 довталаб аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ даври аввали озмун, ки тариқи тестӣ сурат гирифт баргузор гардид. Дар ифтитоҳи озмун муовини ректор оид ба илм, дотсент Баҳром Сафаров суханронӣ намуда, нақши гузаронидани чунин озмунҳоро дар боло бурдани донишҳои иқтисодию ҳуқуқӣ дар самти қонунгузории соҳаи андози кишвар муҳим арзёбӣ кард. Номбурда иброз дошт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала чунин гуфтаанд, ки «Масъалаи сода намудани низоми андозбандӣ, оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва таҳкими имкониятҳои буҷети давлатӣ мусоид намоянд». 
Ozmun4003.jpgИн аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо санаи 10-уми майи соли равон баён гардидаанд, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.06.2019, №АП -1236 дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шудааст. 
Дар идома раиси комиссияи экспертии озмун, сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии Кумитаи андоз Собир Вазиров оид ба раванди баргузории озмун маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки дар даври аввал даҳ нафар донандаи беҳтарини Кодекси андоз, ки тариқи тестӣ имтиҳон месупоранд, интихоб карда мешаванд. Даври дуюм бошад, ба тариқи шифоҳӣ ва бо усули саволу ҷавоб бо мутахассисони соҳаи андоз сурат мегирад. 
Ёдовар бояд шуд, ки Кодекси андоз муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз танзим менамояд. 


Дар ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.