Хабарҳо
Донишҷӯи ДДМИТ - беҳтарин донандаи Кодекси андоз
Санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019”, ки бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзҳои 20-ум ва 21-уми декабр дар ду марҳала: тестӣ ва шифоҳӣ баргузор шуд, ҷамъбаст гардид.
Ба марҳалаи шифоҳӣ, аз 100 нафар иштирокчӣ танҳо 11 нафар беҳтаринҳо роҳ ёфтанд ва бо тариқи суолу ҷавоб аз ҷониби мутахассисон санҷида шуданд. Дар даври ҷамъбастӣ раиси комиссияи озмун, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, муовини раиси комиссия, сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров, аъзоёни комиссия, муовини сардори сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия Шамсулло Каримов, мутахассиси сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия Дилшод Мирзобоев, сардори маркази такмили ихтисоси Кумитаи андоз Аброрхон Ҳалимхонов, директори пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» Хуршед Ҷумабоев ва котиби комиссия, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДМИТ Ислом Тоҳиров ба донишҷӯён вобаста ба Кодекси андоз ва қонунгузории самти андозбандии кишвар суолҳо пешниҳод намуданд.
Дар ҷамъбасти озмун ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода суханронӣ намуда, ташкили чунин озмунҳоро дар боло бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҳавасмандгардонии онҳо муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба таҳсил фаро гирифтани муҳассилини макотиби олии ҷумҳурӣ ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ташкил ва гузаронидани ин қабил озмунҳо ба донишҷӯёни манотиқи гуногуни кишвар имконият фароҳам меорад, ки бо раванди таълим ва ҳаёти донишҷӯёни маркази ҷумҳурӣ аз наздик шинос шаванд. Аз ҷониби ректор омодагии ҳамешагӣ барои ташкилу баргузории ин қабил чорабиниҳо ва ҳамкориҳо изҳор гардид.
Дар охир, ғолибон муайян ва бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамин тавр, бо гирифтани 109 имтиёз ҷойи якум ва беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 Илҳом Садриддинов донишҷӯи ДДМИТ дониста шуд. Ба ғолиби озмун Дипломи ҷойи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ тақдим гардид. Ҷойи дуюм насиби Маҳина Бобохонова, донишҷӯи ДДТТ ва Хизралӣ Ҳасанов, донишҷӯи ДДМИТ ва ҷойи сеюм ба Алишер Азимов, донишҷӯи ДДҲБСТ ва Аъзам Давлатов, донишҷӯи ДДМИТ дода шуд. Инчунин, ба Ҷумахон Давлатов, Идибои Саъдулло, Исоқҷон Кулдашев, Нилуфар Раҳимова, Ҷаҳонгир Содиқов ва Манучеҳр Файзибоев барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи ДДМИТ ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.