Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аҳли коллективи ДДМИТ Паёми Пешвои миллатро хуш истиқбол гирифтанд

Аҳли коллективи ДДМИТ Паёми Пешвои миллатро хуш истиқбол гирифтанд

Санаи 26-уми декабри соли ҷорӣ дар ДДМИТ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби устодону донишҷӯёни муассиса ба тариқи оинаи нилгун тамошо карда шуд. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар ду толор, ки ҳудуди ҳозирин аз 1000 нафар зиёд буд, Паёми Пешвои миллатро хуб истиқбол гирифтанд. 
Ҳайати коллективи таълимгоҳ аз нуктаҳои муҳимму таъсирбахши Паём илҳоми тоза гирифта, барои боз ҳам боло бардоштани сифати таълиму тарбия камари ҳиммат бастаанд. Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастури раҳнамунсоз қабул карда, минбаъд аз рӯи он нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, амал мекунанд.