Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши тарбиявӣ-маърифатӣ дар ДДМИТ

Ҳамоиши тарбиявӣ-маърифатӣ дар ДДМИТ

Санаи 27-уми декабри соли равон дар ДДМИТ ҳамоиши тарбиявӣ-маърифатӣ бо иштироки намояндагони фаъоли шаҳри Душанбе: муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ, сардори раёсати тандурустӣ Хушбахт Шарифзода, мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросим дар пойтахт Абдуалӣ Норасов, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Расулов, шоир Ворис Назарзода ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. 
Нахуст ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода меҳмонон ва ҳозиринро ба ДДМИТ хайрамақдам гуфта, ташкил ва баргузории чунин ҳамоишҳоро бо иштироки доираи васеи мутахассисони соҳаҳои гуногуни кишвар дар тарбияи худшиносии ҷавонон ва донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд. 
Пас аз он Мавсума Муинӣ ба роҳбарияти донишгоҳ барои гузаронидани чунин ҳамоиш изҳори сипос намуда, доир ба рушди бахшҳои гуногуни кишвар, дастгирии ҷавонон аз ҷониби Сарвари давлат суханронӣ кард. Мавсуф, инчунин оид ба дастгириҳои ҳамаҷонибаи ҷавонон дар самти омӯзиш аз ҷониби роҳбарияти давлат гуфта гузашт. 
Mihd4001.jpgДар идома Хушбахт Шарифзода дар бораи тарғиби тарзи ҳаёти солим, аҳаммияти варзиш барои ҷавонон, бунёди майдончаҳои варзишӣ, пешгирии гирифторӣ ба бемориҳои сироятёбанда ва солимгардонии ҷомеа ибрози назар кард. 
Дар идомаи ҳамоиш Сайфиддин Расулов перомуни хештаншиносӣ, шахсиятсозӣ, омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва дарку масъулияти оиладорӣ андешаронӣ намуд. Шоири ширинсухан Ворис Назарзода дар бораи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастии ҷавонон ва Абдуалӣ Норасов дар бораи пешгирии исрофкорӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум андешаҳояшонро иброз намуданд. 
Баъдан миёни донишҷӯён ва меҳмонон саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар охир ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода аз меҳмонон барои суханронии пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳайати илмӣ-омӯзгории донишгоҳ барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳад. 


Бибиноз Муродалиева