Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши ватандорӣ

Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши ватандорӣ

Санаи 30-уми декабри соли равон бо ташаббуси факултети иқтисод ва бизнес ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и назди факулта мизи мудаввар дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши ватандорӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон» доир гардид. Дар мизи мудаввар иҷрокунандаи вазифаи декани факулта Бахтовар Давлатов, мудири кафедраи суғурта Камол Камолов, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Тоҳир Исломов ва эдвайзер оид ба тарбияи факулта Ҷовидон Халифазода вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат баромад намуданд. 
Зимни баромадҳо гуфта шуд, ки имсол Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои муҳими соҳаи маориф қайд карданд. Пешвои миллат дар Паёмашон гуфтанд, ки «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд». 
Ногуфта намонад, ки дар соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Инчунин дар нақша аст, ки то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда шавад. 
Ҳамзамон таъкид шуд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.