Хабарҳо
Паёми табрикотии ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2020
УСТОДОН, КОРМАНДОН ВА ШОГИРДОНИ АЗИЗ!
Бо самимияти беандоза фарорасии Соли нави мелодии 2020-ро бароятон муборакбод мегӯям ва таманнои саодати рӯзгор ва муваффақиятҳо дар коратон ҳастам.
Соли сипаригардида барои мардуми шарафманди мо соли таърихию сарнавиштсоз, пурфайз ва аз рӯйдодҳои таърихиву гуворо саршор буд. Бо роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ пешравиҳо ба даст омаданд. Дар ин сол аз ҳама дастоварди муҳиму сарнавиштсоз ин ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО-и Роғун аст, ки аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, барои амалигардии ҳадафҳои созанда созгор аст ва бозгӯи иттиҳоду ваҳдати комили мардуми кишвар маҳсуб меёбад.
Барои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ низ соли 2019 соли бобарору хотирмон ва аз дастовардҳо ғанӣ буд. Зеро дар ин сол дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) таъсис дода шуд, дастаи олимпии донишгоҳ дар даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо шарафёб гардидан ба як ҷойи аввал, ду ҷойи 2 ва се ҷойи 3 ва ду ҷойи ифтихорӣ дар сегонаи беҳтарин ҷо гирифтанд, донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷойи чорумро ишғол кард, инчунин шумораи устодони унвондор дар ин сол афзуд, ки ҳамаи ин аз дастовардҳои беҳтаринанду бесобиқа.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти сол як қатор донишҷӯёни фаъоли мо ғолиби озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардида, бо дониш ва лоиҳаҳои худ номи донишгоҳро баланд бардоштанд. Маълум аст, ки натиҷагирии хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда қувваи тоза мебахшад. Маҳз неруи созандаву фаъолияти эҷодкоронаву ташаббускорона ва муносибати дилсӯзонаву содиқона, шавқу завқ ва рӯҳияи баланди устодон ва насли ҷавон дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва пешравии таълимгоҳ омили асосӣ маҳсуб мегардад ва дорои ин сифатҳо будани ҳар кадоми мо шарти зарурист.
Умедворам, ки соли 2020 низ барои мо соли фатҳу кушоиш ва соли ташаббусу муваффақиятҳои нав мегардад.
Бигзор, Соли нав соли пурфайзу баракот бошад ва ба хонадони ҳар яки Шумо нусрату субот ва тансиҳатию хотирҷамъӣ оварад.
Соли наватон муборак!