Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳисобот: фаъолияти тамоми ҷабҳаҳо назаррасанд

Ҳисобот: фаъолияти тамоми ҷабҳаҳо назаррасанд

Рӯзи 6 январи соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои олимон доир гардид, ки дар он намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскаралӣ Баротов ва ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар он ҳисоботи ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар соли сипаригардида буд. 
Хайрзода Ш.Қ. дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи донишгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли 2020 вазифаҳоро мушаххасан муқаррар кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид. 
Сараввал ректор аз дастовардҳои сол ёдовар шуда, афзуд, ки дар ин муддат аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ ба муваффақиятҳои беназир ва дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, аз ҷумла дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавқеи чорумро нигоҳ доштан, таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ, таҳия ва қабули Стратегияи рушди ДМИТ барои солҳои 2019-2023, ба феҳристи нашрияҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти ҶТ шомил гардидани маҷаллаи «Паёми молия ва иқтисод», дифои рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби 25 нафар аспиранту унвонҷӯ, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сегонаи беҳтарин ҷо гирифтани донишгоҳ, татбиқи 3 Лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ, аз мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ гузаштани 20 китоби дарсӣ ва чандин дастовардҳои дигар, ки беҳтаринанд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Илова ба ин, бо изҳори қаноатмандӣ гуфта шуд, ки дар соли сипаригардида махсусан дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ дастовардҳо назаррасанд, аз қабили баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, чопи мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои тақризшавандаи КОА-и ҶТ, нашри монографияҳо, ки дар умум иҷроиш 98%-ро ташкил медиҳад, ки натиҷаи дилхоҳ аст. 
Ректор, ҳамчунин, роҷеъ ба густариши равобити байналмилалии донишгоҳ сухан ронда, таъкид дошт, ки имрӯз таълимгоҳ бо 115 муассисаву ташкилоти хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст ва дар соли гузашта 15 созишнома баста шуд ва аксари онҳо амалӣ мегарданд, ба мисли барномаи мубодилаи донишҷӯён (27 нафар донишҷӯ иштирок кардааст), иштирок дар конфронсу машваратҳои илмӣ ва таҷрибаомӯзии омӯзгорон дар хориҷа (24 нафар), ҷалби профессорони донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ барои хондани лексия ба толибилмони мо ва гузаронидани тренингу семинарҳои омӯзишӣ (32 нафар олими хориҷӣ) аз пешравиҳои самти равобити байналмилалии таълимгоҳ маҳсуб меёбанд. 
Дар баробари дастоварду пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон ректор аз камбудиҳо ёдовар шуд ва барои ислоҳи онҳо масъулин муваззаф гардиданд, аз қабили ғалатҳо дар таҳияи силабусҳо, камбудиҳо дар фаъолияти кории бархе аз кураторон ва сифати пасти дарсҳои тарбиявӣ, сифати корҳои хатмкунӣ ва ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ эрод гирифта шуд. 
Ҳамзамон Хайрзода Ш.Қ. дар бораи аз аттестатсияи байналмилалӣ гузаронидани се ихтисоси донишгоҳ масъулинро вазифадор кард. Мавсуф барои баланд бардоштани сифати таълим ва малакаи касбии омӯзгорон ташкили курсҳои бозомӯзиро муҳим дониста, раёсати таълимро вазифадор кард, ки дар рӯзҳои наздик он роҳандозӣ карда шавад. Ҳамзамон, дифои рисолаҳои докторӣ, аз аттестатсия гузаронидани кормандони техникӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани озмунҳои умумиҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” супоришҳои қатъӣ дод. 
Дар ҷамъбаст устодон Буриева М., Насриддинов Х. дар музокира иштирок ва фаъолияти донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд. 
Баъдан ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. як қатор устодону кормандонро, ба монанди Маъдиев С., Абдуллоева М., Холбобоев Р., Махшулов Ҷ., Балхов Д. барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ ва аз меъёри нақшаи инфиродӣ барзиёд иҷро намудани фаъолияти меҳнатӣ дар асоси моддаи 61-и Кодекси меҳнати ҶТ ва бандҳои 2.6 ва 32-и “Низомномаи мотиватсия оид ба ҳавасмандгардонӣ, музди меҳнати тафриқавии омӯзгорон ва кормандони ДДМИТ” аз ҷиҳати моддӣ қадрдонӣ намуд. 
Ҳамчунин рейтинги кафедраҳо муайян ва ҷамъбаст карда шуда, бо Дипломи дараҷаи якум кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ, бо Дипломи дараҷаи дувум кафедраи фаъолияти бонкӣ, бо Дипломи дараҷаи севум кафедраи таҳлили иқтисодӣ мукофотонида шуд. 
Дар баробари ин, ғолибони озмуни “Китобхони беҳтарин” – Давронзода Г., Пиримова Ш., Саидова Ш., Бобоҷони Шарифхӯҷа, Мухторов М., Азизова С. бо Ифтихорнома ва планшет сарфароз гардиданд. 
Дар охир, ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таълимию методӣ ва илмиву тарбиявӣ барои соли 2020 иҷрои як қатор вазифаҳо муҳим арзёбӣ гардида, вобаста ба ин масъулини сохторҳо муваззаф гардонида шуданд. 


Машҳура Абдуллоева