Хабарҳо
Ташкили курсҳои омӯзишии маҳорати педагогӣ
Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 қайд гардид. Тарзу восита ва роҳу усулҳои болобурди сатҳу сифати таълим ва беҳтар гардонидани ҷараёни таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутахассисони соҳибмаълумоти ҷавобгӯи талаботи замони имрӯзро тайёр месозанд, аз устодони дорои ҷаҳонбинии илмӣ, дониши васеъ, малака ва маҳорати касбӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳамчунин, оид ба зарурати такмили ихтисоси омӯзгорон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳояшон пайваста таъкид месозанд.
Вобаста ба ин, раёсати донишгоҳ ҳамасола курсҳои такмили ихтисоси маҳорати педагогиро ташкил мекунад, ки дар он омӯзгорони ҷавон, аз ҷумла ассистентону муаллимони калони кафедраҳо таълимгоҳ иштирок менамоянд. Ин навбат тибқи нақшаи кории шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим бо мақсади сайқал додани савияи дониши устодон, алалхусус устодони ҷавон ва дар ҳамин замина, таъмин намудани сифати таълим бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 04.01.2020 №2/И шуруъ аз 6-ум то 9-уми январи соли равон курси омӯзишии «Такмили малакаю маҳорати педагогии омӯзгорон» ташкил карда шуд. Дар курси омӯзишии такмили малакаю маҳорати педагогии омӯзгорон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Саъдулло Носиров ба устодони донишгоҳ нозукиҳои касби омӯзгорӣ, методҳои нави фаъоли таълиму тарбия, инноватсияи таълим, хусусиятҳои хоси синнусолӣ, инфиродӣ ва тафаккури шахс дар раванди таҳсилро меомӯзонад. Зимни баргузории курсҳои омӯзишӣ мубоҳиса ва саволу ҷавобҳо перомуни мавзӯъҳои актуалии педагогика, ҳалли проблемаҳои таълиму тарбияи донишҷӯён ва дигар мушкилоте, ки дар ҷараёни таълим ба миён меоянд, дар такя ба талаботи дарси муосир фаҳмонида мешаванд.
Инчунин, бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 04.01.2020 №1/И бо мақсади тадриҷан вусъат бахшидани ташкили раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсилот ва дастрасии омӯзгорону кормандон бо низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот рӯзҳои 13-14-уми январи соли ҷорӣ курси омӯзишии «Ташкили раванди таълим ва нақши КМРО, КМД дар таъмини сифати таҳсилот» ташкил карда мешавад.
Баргузории курсҳои такмили ихтисос ва иштироки фаъолонаи устодон метавонад ба боло бурдани савияи дониш ва тарбияи ҳамаҷонибаи мутахассисони оянда ва баландшавии сифати таълим таъсири мусбат расонад.
Н. Раҳимзода