Хабарҳо
Аз ҷараёни сессияи нимсолаи якум
Дар ДДМИТ сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 тибқи талаботи «Тартиб ва ташкили раванди сессияи имтиҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми кредитии таҳсилот», ки тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2016 таҳти №19/24 қабул гардидааст ва бо назардошти талаботи нақшаҳои таълимии амалкунанда ба роҳ монда шудааст.
Супоридани имтиҳоноти ҷамъбастӣ аз ҷониби донишҷӯён бо тариқи технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ ба роҳ монда шуда, дар се маркази тестӣ гузаронида шуда истодааст.
Шурӯъ аз 26 декабри соли 2019 сессияи имтиҳонотии нимсолаи якуми соли таҳсили 2019-2020 дар донишгоҳ оғоз гардид. Чунончи, аз раёсати таълим иттилоъ доданд, дар ин бора фармоиши ректори ДДМИТ аз 26 декабри соли 2019 таҳти рақами №1860/д-и оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани сессияи имтиҳонотии зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 барои донишҷӯён ва магистрантони шуъбаи рӯзона ба тавсиб расидааст. Мувофиқи фармоиш барои магистрантони курсҳои 1-2 ва донишҷӯёни курсҳои 1-4 низоми кредитии таҳсилот давраи баргузории сессияи якуми соли таҳсили 2019-2020 аз 26.12.2019с. то 15.01.2029с. муқаррар карда шудааст. Инчунин, машғулиятҳо ва қабули имтиҳонҳои давраи иловагӣ (триместр) барои магистрантон ва донишҷӯён аз 16.01.2020с. то 23.01.2020с гузаронида мешаванд.
Бояд қайд кард, ки тартиби қабули имтиҳонот дар донишгоҳ дар асоси қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва Низомномаи ДДМИТ оид ба супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани сессияи имтиҳонотии ҷорӣ аз ҳисоби муовинони ректор, кормандони раёсати таълим ва маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ ситоди донишгоҳӣ таъсис дода шудааст
Ёдовар бояд шуд, ки барои магистрантон ва донишҷӯён даври таътили зимистона аз 16.01.2020с. то 02.02.2020с. муайян карда шудааст.