Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Омӯзиши истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Таъмини эътимодияти истифодабарӣ, назорати мақсаднок ва самаранок, ташхис ва таъмири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар донишгоҳ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи МТИК-и ДДМИТ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол барои самаранок гузаронидани машғулиятҳо дар муассиса синфхонаҳои копютерӣ ва тахтаҳои электронӣ насб карда шудааст. 
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти омӯзгорону кормандон дар самти истифодаи васеи барномаҳои компютерӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омӯзиш ҷараён дорад. Вобаста ба ин рӯзҳои 10-11-уми январи соли ҷорӣ дар ДДМИТ омӯзиши дурӯза оид ба самти истифодаи васеи барномаҳои компютерӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим аз ҷониби устодону кормандон доир гардид. 
Дар он Муҳайё Давлатова, мушовири Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорону кормандони кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт, моделсозии математикӣ ва иттилоотии донишгоҳ оид ба мавзӯъҳои «Асосҳои техникаи презентатсия», «Меъёрҳои аттестатсия вобаста ба фаъолияти инноватсионии саромӯзгори кафедраи маркетинги соҳавӣ ва байналмилалӣ» ва «Фаъолияти касбии омӯзгор» дарс гуфт. 
Зимни омӯзиш номбурда ба устодону кормандон нозукиҳо ва усулҳои муосири ҷараёни таълимро бо истифода аз презентатсия омӯзонид. Бояд гуфт, ки ташкили ин гуна семинарҳо барои баланд бардоштани малакаи омӯзгорону кормандон дар истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим мусоидат хоҳад кард.