Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзгори ДДМИТ ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ

Омӯзгори ДДМИТ ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - поягузори Артиши миллӣ» ва «Пешвои миллат - поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат»-ро миёни ҷавонони касбу кори гуногун, олимону омӯзгорон эълон намуда буд, ки ба он наздики 200 мавод пешниҳод гардид. 
Боиси ифтихор аст, ки устоди кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ, номзади илмҳои фалсафа Насрулло Тӯйчизода дар озмуни мазкур сазовори ҷойи дуюм ва бо диплому тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардид. 
Мо ба ин муносибат Насрулло Тӯйчизодаро табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи омӯзгорию эҷодияш барор мехоҳем.