Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзи гумрукчиён дар ДДМИТ

Рӯзи гумрукчиён дар ДДМИТ

Ҳамасола санаи 22-юми январ рӯзи касбии кормандони мақомоти гумрук дар кишвар ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи 18-уми январи соли ҷорӣ кафедраи фаъолияти гумрукӣ чорабинии илмӣ-назариявӣ бо иштироки васеи устодон ва собиқадорону мутахассисони соҳаи гумрук баргузор намуд. 
Дар семинар Сардори раёсати ташкили назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Ҷамшед Абдулқодирзода ва мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии кормандони мақомоти гумрук, майори хадамоти гумрук Ансорӣ Нозимов иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Қутбиддин Муқимов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз аксари донишҷӯёни тахассусҳои хадамоти гумрук ва таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ дар сохторҳои мақомоти гумрук таҷрибаомӯзӣ гузашта, донишҳои назариявиашонро дар амал татбиқ намуда истодаанд ва гурӯҳи зиёдашон ба ҳайси корманд дар асоси озмун ба кор қабул гардидаанд. 
Баъдан Ҷамшед Абдулқодирзода баромад намуда, оид ба фаъолияти ин ниҳоди асосии иқтисодии кишвар суханронӣ намуд. Номбурда афзуд, ки имрӯз мақомоти гумрук дар самти сиёсати кадрӣ танҳо ба он мутахассисоне таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки воқеан арзанда ба ҳисоб мераванд. Мақомоти гумрук бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисос боз ҳам ҷонноктар намуда, онро тақвият мебахшад. 
Дар фарҷоми семинар саволу ҷавоб ва муҳокима сурат гирифт. 


З.Ҳалимхонов, ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ