Хабарҳо
Омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти омӯзгорону кормандон дар самти истифодаи васеи барномаҳои компютерӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо ибтикори Маркази технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ курси омӯзишии серӯза оид ба самти истифодаи васеи барномаҳои компютерӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим таҳти унвони “Омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ” бо иштироки устодону кормандон доир гардид.
Дар курс София Темурбекова, мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт ва ассистенти кафедра Хайриддини Ашурзода ба котиба-коргузорони раёсат, оператор-ҳуҷҷатнигорон ва операторони синфхонаҳои компютерии кафедра ва факултетҳои донишгоҳ доир ба системаи амалиётии Windows ва барномаҳои иловагӣ, омӯзонидани барномаи Microsoft Word - чопи матнҳо дар намуди китоб дарс гузаштанд. Шунавандагони курси мазкур тарзи сабт кардани санад дар намуди PDF, сохтани ҷадвалҳо, навиштани формулаҳои математикӣ дар барномаи Microsoft Word, пайвасти тахтаи электронӣ ва проектор ба компютер, тасвири фигураҳо ва графикҳо, асосҳои кор бо барномаи Microsoft Excel, гузоштани формулаҳо барои ҳисоби оморӣ, гузаронидани китобҳо ба компютер ба воситаи сканерро омӯхтанд.
Бояд гуфт, ки ташкили ин гуна дарсҳо барои баланд бардоштани малакаи омӯзгорону кормандон дар истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим мусоидат хоҳад кард.
Камолиддин Зарипов, сардори МТИК