Хабарҳо
Нақши баҳисобгирии муҳосибӣ дар таъмини сиёсати иқтисодӣ
Санаи 21 январ бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ семинари илми-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши баҳисобгирии муҳосибӣ дар таъмини татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар» дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми декабри соли 2019 баргузор гардид.
Дар семинар профессори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Зариф Шарифов баромад карда, нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди баррасӣ қарор дод ва таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба дастовардҳои муҳими соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ҷалб намуд. Ҳамзамон масъалаҳое дар ин раванд пешкаш гардиданд, ки онҳо ба ҷой доштани мушкилот ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар ишора гардиданд. Масъалаи баррасишаванда хусусиятҳои хоси бахши воқеии иқтисодиётро дар бар мегирифт.
Дар музокира мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ С.Маъдиев баромад карда, қайд намуд, ки масъалаҳои дар доираи Паём муқарраргардида, бевосита аз саривақтӣ ва бо пуррагӣ пешниҳод намудани маълумотҳои воқеӣ алоқаманд аст ва дар ин самт мақоми баҳисобгирии муҳосибӣ хело таъсирбахш мебошад. Бо назардошти тағйир ёфтани шароити иҷтимоию иқтисодӣ зарурате пеш меояд, ки барои қабули қарорҳо дар татбиқи Паём маълумотҳоеро таъсис диҳем, ки онҳо шаффофияти амалиётҳо ва самаранокии қарорҳоро дар макон ва вақт ифода карда тавонанд.
Дар ҷамъбаст роҷеъ ба масъалаи мазкур музокира сурат гирифт.