Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пешдифои унвонҷӯ дар ДДМИТ

Пешдифои унвонҷӯ дар ДДМИТ

Пешравиҳо дар самти илм дар ДДМИТ зиёд гардида, дар ин самт дастовардҳои устодони ҷавон назаррас аст. Дар донишгоҳ амал кардани Шӯрои диссертатсионӣ худ дастоварди бузург мебошад, ки барои пешбурди самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ заминагузор аст. 
Санаи 25-уми январи соли равон унвонҷӯ Ҳусайнов Муродалӣ Сайдамирович, ассистенти кафедраи суғуртаи ДДМИТ дар мавзӯи «Механизмҳои ташкилию иқтисодии ташаккули бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент М. Содиқов муҳокимаи пешакии кафедраро гузашт. 
Дар муҳокима муқарризи беруна, н.и.и., дотсент, сардори шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Ф. Маҳмадалиев ва н.и.и., дотсенти кафедраи суғурта В. Ҳомидов иштирок доштанд. 
Зимни баромад унвонҷӯ вобаста ба дастовардҳои тадқиқотии худ дар самти суғурта ва нашри мақолаҳои илмии тақризшаванда баромад кард. 
Дар ҷамъбаст муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифт.