Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастгирии ҷавонон дар самти фаъолияти соҳибкорӣ

Дастгирии ҷавонон дар самти фаъолияти соҳибкорӣ

Ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихори миллат, неруи пешбарандаи ҷомеа ва иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвари худ ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ин қишри созандаи ҷомеа дар бунёдкориҳо ва рушди мамлакат эътимоду боварӣ ва таваҷҷуҳи беандоза доранд. 
Ҷалби чавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳадафҳои асосии муаррифии сиёсати ҷавонон арзёбӣ мегардад. 
Вобаста ба ин санаи 30-юми январи соли ҷорӣ дар ДДМИТ бо ташаббуси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми шаҳрии соҳибкории ҷавонон дар мавзӯи «Дастгирии давлатии ҷавонон дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ» баргузор гардид. 
Дар форум сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода вобаста ба нақш ва пешрафти самти соҳибкории кишвар дар фаъолияти соҳибкории ҷавонон сухан ронд. Номбурда таъкид дошт, ки яке аз омилҳои барои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ҷолиб, ин мавҷуд будани теъдоди зарурии мутахассисони ҷавону баландихтисос барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки барои аз худ кардани касбҳои дар бозори меҳнат зарурӣ, инчунин барои соҳибкори муваффақ шудан, тамоми паҳлӯҳои ин касбро омӯхта, дар фаъолияти худ ба пешравиҳои назаррас ноил гарданд. 
f_sohib4001.jpgИнчунин зимни форум Сулаймон Қурбонов, директори Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастгирии давлатӣ ва рушди бахши соҳибкорӣ дар самти ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ», Даврон Хоҷаев, сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ дар мавзӯи «Механизми самараноки истифодабарии имкониятҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷовидон Халифазода, ҷонишини декани факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ дар мавзӯи «Неруи зеҳнӣ ва маърифати молиявӣ дар шароити рушди имкониятҳои иқтисодӣ» ва Муфарраҳ Асоев, муаллими калони кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастгирии давлатии бахши хусусӣ дар шароити бозоргонӣ» маърӯза намуданд. 
Гуфта шуд, ки ҳадафи форум ин мусоидат ба роҳандозии лоиҳаҳои иловагӣ дар самтҳои фаъолгардонии ҷавонон бо ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, рушди неру ва малакаҳои ҷавонон оид ба масъалаҳои бароҳмонии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, истифодаи донишу малакаи ҳосилнамудаи ҷавонон дар ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мебошад. 
Ёдовар бояд шуд, ки яке аз самтҳои асосии татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон - ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад, ки тавассути рушди соҳибкорӣ амалӣ мешавад. Масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, мувофиқи мақсад аст, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорию ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ дар ин самт бештар саҳмгузор бошанд.