Хабарҳо
Тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои хориҷӣ
Тавсеаи фаъолияти байналмилалӣ ва доираи равобити берунии донишгоҳ яке самтҳои муҳими фаъолияти ДДМИТ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад солҳои охир ҷиҳати тақвияти эътибори байналмилалии донишгоҳ ва таҳкими равобити гуногунҷабҳаву гуногунтаркиби байналмилалӣ корҳои муассире ба сомон расонида шудааст. Зеро густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳимтарин дар омодакунии кадрҳои баландихтисос дар ДДМИТ ба ҳисоб меравад.
Айни замон донишгоҳ бо зиёда аз 115 муассисаҳои таълимӣ, илмию тадқиқотии хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, таъмини босифати татбиқи онҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ рӯзҳои 3-юм ва 5-уми феврали соли ҷорӣ дар доираи Барномаи Эразмус+ бо устодони Донишгоҳи Нортгемптони Бритониёи Кабир вохӯрӣ сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ Гэрэ Мэсон, муаллими калони кафедраи маркетинги саёҳат ва туризм ва Катерина Томас, муаллими калони кафедраи соҳибкории тиҷоратии факултети бизнес ва ҳуқуқи Донишгоҳи Нортгемптони Бритониёи Кабир бо Шукрулло Хайрзода, ректори ДДМИТ, Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва Зуҳалия Махсутшоева, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ масъалаи татбиқи Барномаи Эразмус+-ро, ки тӯли солҳои 2019-2021 татбиқ мешавад, баррасӣ намуданд. Зимни гуфтугӯ ба омӯзиш ва инкишофи малакаи таҳсили байналмилалӣ, фаъолноккунии иштироки устодон дар чорабиниҳои созмонҳои байналхалқӣ ва омада намудани хатмкунандагони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи муосири ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуд.
Инчунин, дурнамоӣ ва рушди ҳамкориҳо бо Донишгоҳи Нортгемптони Бритониёи Кабир дар самтҳои гуногуни омода намудани кадрҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.