Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нишасти ДДМИТ бо намояндагони ВАО

Нишасти ДДМИТ бо намояндагони ВАО

Санаи 4-уми феврали соли ҷорӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишаст теъдоди зиёди намояндагони расонаҳои иттилоотии дохилии кишвар, аз қабили шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», радиоҳои «Ховар», «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Фараж» ва Агентии иттилооти миллии Тоҷикистон «Ховар» иштирок намуданд. 
Дар оғоз ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода оид ба дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2019 суханронӣ намуда, бобати нақшаҳои оянда ба таври муфассал ба рӯзноманигорон иттилооти мухтасар ироа намуд. 
Шукрулло Қурбоналӣ оид ба дастовардҳои муассиса дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавқеи чорумро ишғол кардан, таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), таҳия ва қабули Стратегияи рушди ДДМИТ барои солҳои 2019-2023, ба феҳристи нашрияҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидани маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми молия ва иқтисод», дифои рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби 25 нафар аспиранту унвонҷӯ, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сегонаи беҳтарин ҷой гирифтани донишгоҳ, татбиқи 3 Лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ, аз мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани 20 китоби дарсӣ ва ишғол намудани ҷойи намоёни донишҷӯёни муассиса дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2019 ёдовар шуд. 
matbuot4001.jpgҲамзамон, Ш. Хайрзода вобаста ба ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ иттилооти заруриро пешниҳод намуд. 
Дар идома ба саволҳои рӯзноманигорон дар мавриди нақшаҳо барои эълон шудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», гузаштани ихтисосҳои донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ, самти корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ташаккули шахсият, вазъи будубоши донишҷӯёни хориҷӣ, ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои илмӣ-оммавӣ ва тарбиявӣ-фарҳангӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ташкили кафедраи ҳарбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, таҳсил бо квотаи Президентӣ, такмили ихтисоси кормандону устодон, идомаи таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, хориҷ ва барқароркунии донишҷӯён, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ихтироот ва иҷозатномагирии донишҷӯён ва устодон ва нақши донишгоҳ дар пешбурди иқтисоди миллӣ посухҳои мушаххас дода шуд. 


Н. Раҳимзода