Хабарҳо
Фарогирии васеи донишҷӯён ба дарсҳои кушоди сиёсӣ
Шурӯъ аз 4-уми феврали соли ҷорӣ баргузории дарсҳои кушоди сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оғоз гардид. Ин иқдом дар доираи ибтикороти раёсати донишгоҳ бобати ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, густариши ҷаҳонбинии сиёсиву ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи ахлоқу дидгоҳи шаҳрвандии ҷавонон роҳандозӣ карда шудааст, ки доираи васеи донишҷӯёнро фарогир мебошад. Зимни баргузории дарсҳо олимону муҳаққиқони риштаҳои гуногуни илмӣ, роҳбарону намояндагони сохторҳои давлативу ташкилотҳои хусусӣ, намояндагони фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳайси маърӯзачӣ даъват карда мешаванд.
Дар нахустин рӯзи баргузории дарсҳои сиёсӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар доираи масъалаи мавриди назар профессор Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Инъикоси муносибатҳои дипломатӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳои дипломатӣ», сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода дар мавзӯъҳои «Муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ аз масъалаҳои меҳварии низоми идоранамоии амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» ва «Тоҷикистон кишваре дар самти муқовимат бо экстремизм ва террроризми байналмилалӣ: андешидани тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳифзи ҳадафҳои амниятиву миллӣ», Илҳомиддин Неъматов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва роҳҳои рушд», Абдукарим Муминов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дар мавзӯи «Татбиқи марҳилаи аввали Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030: ҳадафҳо аз дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва қабули «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои то соли 2025» ба фарогирифташудагон дарс гузаштанд.
Дар назар аст, ки дарсҳои сиёсӣ ба таври ҳамешагӣ роҳандозӣ гардида, зимни баргузори онҳо мавзӯъҳои мухталифи актуалӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Назар Икромов, сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ