Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паём

Шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паём

Баргузории дарсҳои кушоди сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон идома дорад. Рӯзҳои 4-5-6-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети ҳисобдорӣ ва омор паҳлӯҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат аз ҷониби устодон бо маърӯза фаҳмонида шуд. 
Дар рафти дарсҳо, Баҳодур Ҷурахонзода дар мавзӯи «Ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Абдулло Давлатзода дар мавзӯи «Тоҷикистон кишваре дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ: андешидани тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳифзи ҳадафҳои амниятиву миллӣ», Манучеҳр Садриддинов дар мавзӯи «Рушди низоми иҷтимоиву молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: татбиқи Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 василаи ташаккули имкониятҳои иҷтимоӣ» ва Саидхуҷа Маҳдиев дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои миллии рушд ва вусъати саноатикунонии кишвар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба донишҷӯён натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакат ва муайянкунандаи дурнамои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриро фаҳмониданд. 
Зимни дарсҳо гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар Паём ба татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шуд. 


Усмонҷон Усмонов, эдвайзер оид ба тарбияи факултет