Хабарҳо
Паём - ташаккули низоми иқтисодиву молиявӣ
Шарҳу тафсири муҳтаво ва ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат ба донишҷӯён аз ҷониби устодон ва мутахассисони соҳаи иқтисод ҷараён дорад. Рӯзҳои 4-5-6-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети молия ва қарз паҳлуҳои иқтисодиву иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби устодон ва мутахассисон фаҳмонида шуд.
Пешвои миллат дар ироаи Паёми хеш ба масъалаи рушди бахши хусусӣ аҳамияти хосса дода, қайд карданд, ки саҳми бахши хусусӣ дар ММД дар соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд. Минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар рафти дарсҳои кушоди сиёсӣ Амрулло Нурализода дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо дар роҳи рушди кишвар», Ғиёсиддин Ашуров дар мавзӯи «Бозтоби масъалаҳои молиявӣ ва фаъолияти бонкҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда», Рустам Қараев дар мавзӯи «Рушди низоми молиявию иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастурҳо бобати ташаккули низоми иқтисодиву молиявӣ» ва Хуршед Давлатов дар мавзӯи «Тоҷикистон кишваре дар роҳи рушд: татбиқи Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030: ҳадафҳо ва роҳҳои амалинамоии он» ба донишҷӯён маърӯза намуданд.
Дар маърӯзаҳо қайд карда шуд, ки дар соли 2019 суръати афзоиши воқеии ММД 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, ММД аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Ҳамзамон, оид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст, маълумот дода шуд.
Амирхон Баротов, эдвайзер оид ба тарбияи факултет