Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рушди саноатикунонии босуръат

Рушди саноатикунонии босуръат

Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои миллии кишвар ба ҳисоб меравад, ки баҳри гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ пешбинӣ гардидааст. Вобаста ба воқеият ва дурнамои ҳадафи олии кишвар санаи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар ДДМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон: воқеият ва дурнамо» баргузор гардид. 
Дар ҷамъомад Ҷалил Пиризода, директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Баҳриддин Абдураҳимзода, сардори раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Фаррух Неъматзода, сардори раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёт, Фирӯз Абуназаров, сардори раёсати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нав иштирок ва баромад намуданд. 


Miz_mud401.jpgБ. Абдураҳимзода дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи олии кишвар» баромад намуда, оид ба вазъи саноатикунонии кишвар маълумот дод. Номбурда қайд кард, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар ҷумҳурӣ ба 27 млрд. 586,6 млн. сомонӣ расонид, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 113,6%-ро ташкил дод ва ин аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соли гузашта 3 млрд. 809,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 11 млрд. 379,9 млн. сомонӣ маҳсулот содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 979,6 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 109,4%-ро ташкил медиҳад. Дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2164 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав 38 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 корхона ба саноати сабук, 50 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба саноати ангишт, 5 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ 219 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойҳои кории нав сохта, ба истифода дода шудаанд. 
Miz_mud403.jpgДар идома академик Ҷ. Пиризода дар мавзӯи «Нақши инфрасохтори хизматрасонӣ, нигаҳдорӣ ва коркард дар саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ» баромад намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки дар шароити иқтисодиёти бозорӣ ва рақобати озод нақши инфрасохтори истеҳсолию иҷтимоӣ назаррас мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ аз 5,3 миллион то 9,3 миллион расид ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ ба сари аҳолӣ зиёд гашт. Ҳамзамон, номбурда оид ба нигаҳдории маҳсулот, ки сабаби асосии аз байн бурдани талафот ва танзими нарх арзёбӣ мегардад, сухан ронда, зикр кард, ки мутаассифона, ба ин масъала хоҷагидорон аҳамияти зарурӣ намедиҳанд. Ҳарчанд сол то сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад, вале барои нигоҳдорӣ анбору сардхонаҳо кифоя нест. Ба иттилои Ҷ.Пиризода, ҳоло дар ҷумҳурӣ 88 сардхона, 135 анборхона, 43 яхдон ва 17 таҳхона мавҷуд аст. Иқтидори ғунҷоиши онҳо 293231 тоннаро ташкил медиҳад. 
Зикр гардид, ки имконияти мазкур бениҳоят маҳдуд буда, танҳо 8,9 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда дар онҳо нигаҳдорӣ мешавад. Тибқи талабот на кам аз 30 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда бояд дар сардхонаю анборҳо нигаҳдорӣ гардад. 
Дар ҷамъбасти чорабинӣ вобаста ба мушкилот ва дурнамои соҳаи саноат музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.