Хабарҳо
Паёми Пешвои миллат раҳнамои ҷавонон
Санаи 15-уми феврали соли равон тибқи нақша ва чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ Саодати Исайни, сармутахассис ва ва Парвина Ҳикматова, мутахассиси раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ чунин таъкид карданд: «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад». Ҳамзамон, ишора шуд, ки дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Инчунин, дар вохӯрӣ Даврон Хоҷаев, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат» баромад карда, оид ба самтҳои асосии рушди иқтисоди миллии кишвар, ки дар Паём гуфта шуданд, маърӯза намуд.