Хабарҳо
Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳ
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди ватанамон мебошад. Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далер тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва бедор намудани ғурури миллии онҳо гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва ҷалби ҷавонон барои хизмати Ватан аст.
Бахшида ба 27-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ санаи 20-уми феврал дар факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ чорабинии назариявӣ-тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ декани факултет Баҳодур Ҷӯрахонзода вобаста ба нақш ва мавқеи Артиши миллӣ дар пойдории сулҳу суботи кишвар суханронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои ташкилу такмили қудрати дифоии мамлакат диққати махсус зоҳир карда, дар ҳифзи марзу буми Ватан то ба имрӯз хизмат карда истодааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷуҳ намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Дар баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ устодон Парвиз Орзуев ва Манучеҳр Садриддинов оид ба 27 соли фаъолият ва бурду бохт дар Қувваҳои Мусаллаҳ маърӯза намуданд. Дар анҷом ба устодони фаъоли факулта аз ҷониби садорати факултет Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Усмонҷон Усмонов, эдвайзер оид ба тарбияи факултет